Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмадҳои таркишҳои маргбор дар Покистон


Пулиси Покистон мегӯяд, бар асари ду бомбгузории маргталабона дар ду шаҳри кишвар, дасти кам чаҳор нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар яке аз ин ҳамлаҳо дар мадрасаи исломии шаҳри шарқии Лоҳур, як рӯҳонии мӯътабари мухолифи Толибон ба ҳалокат расид. Бар асари таркиши дуввум дар назди масҷиде дар шаҳри шимолуғарбии Навшаҳра, дасти кам 3 нафар кушта ва 32 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳеҷ кас масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, вале ҷангҷӯёни Толиб ваъда додаанд, ки барои амалиёте, ки артиш барои маҳви онҳо анҷом медиҳад, қасос хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG