Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд моҳ пеш вазорати дохилаи Тоҷикистон аз коҳиши мизони ҷиноятҳо хабар медод, вале ҳоло аз афзоиши ингуна мавридҳо изҳори ташвиш мекунад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ахиран як сокини 28-солаи тоҷикро боздошт намуданд, ки ба беш аз 18 ҳолати авбошиву ғоратгарӣ дар пойтахт айбдор мешавад.

Шарифхон Саидалиев, ки шуғли муайяне надоштааст, бо узвият ба як гурӯҳи мутташакили авбошон дар кӯчахиёбонҳои шаҳр ва боғу фароғатгоҳҳо, аксаран шабонгаҳ ба сокинон ҳамла карда, бо зӯриву таҳдид маблағу амволи гаронбаҳои онҳоро аз худ мекардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҷинояткор зимни як «шикор»-и навбатӣ, дар кучаи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуд. Вай афзуд, «ин нафар аслан ҷиноятҳои худро бо таъсиси як гурӯҳи мутташакил ҳамроҳ бо Сафаров Ғайратшоҳ ва Саъдуллоев Неъматулло, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ менамудааст, ҷиноят содир мекардааст».

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохила, шумори чунин гурӯҳҳои авбошӣ ва мавридҳои ба таҳдиду зуроварӣ, ҳатто латукуби онҳо қарор гирифтани шаҳрвандон ба хусус дар пойтахт меафзояд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, дар 5 моҳи соли равон дар кишвар 318 мавриди авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 дарсад бештар аст. Аксаран ба чунин ҷиноятҳо нафарони аз 16 то 30 сола, дастаҷамъона ва дар нимаи дуввуми рӯз даст мезадаанд.

Шамшод, як сокини пойтахт ва яке аз ҷабрдидагони ҳамлаи авбошӣ, мегӯяд, ҳафтае қабл баъд аз кораш, ки то дери шаб идома кардааст, дар роҳ ба сӯи хона се ҷавон ба ӯ наздик шудаву қаблан аз ӯ сигор ва баъдан маблағ пурсида, ӯро зери латукуб қарор додаанд.

Вай меафзояд, «соат тахминан 2 ё 3 –и шаб буд, наздики хонаам дар маҳҳаллаи 82-и пойтахт расидам, ки 3 ҷавон аз ман сигор ва нос пурсиданд, гуфтам сигор намекашам. Баъд пурсиданд, ки ягон сум надорӣ ба мо диҳӣ, гуфтам не надорам, медоштам агар таксӣ гирифта барвақттар хона меомадам. Баъд гуфтанд, ки телефонатро деҳ мо як ҷо занг занем, гуфтам телефонам хомӯш аст, вале маҷбур кашокаш карда, якеаш ба сару рӯям зад ва телефонамро гирифта гурехтанд. Ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Сино муроҷиат кардам, вале ҳоло он авбошонро пайдо накардаанд».

Кршиносон ва аксари сокинони кишвар афзоиши ҷиноёти авбошиву дуздиро ба бӯҳрони молӣ ва бозгашти муҳоҷирон, ба вижа нафароне вобаста медонанд, ки дар кишвари муҳоҷират ҳам бо ин роҳ, яъне зуроварӣ ва дуздӣ рӯз мегузаронданд.

Тибқи омори мухталиф, дар тайи 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 10 ҳазор муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст. Ва бар асоси иттилои расмӣ, шумори бекорон дар кишвар ба 40 ҳазор мерасад, аммо оморҳои ғайрирасмӣ ин теъдодро ба маротиб бештар нишон медиҳанд.

Ғаюр Қаҳҳоров, як коршиноси умури иқтсодӣ, мегӯяд, ин ҳама ихтисоршавиву мушкил дар гирифтани маош ва муввақатан бекор мондани муҳоҷирони тоҷик, ки аксарият таъмингари аслии хонаводаҳои бузурганд, дар воқеъ боис ба олами ҷиноёт фурӯ рафтани онҳо мешавад.

Аммо Дилором Раҳматова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, афзоиши ҳолатҳои авбошиву ҷинояткорӣ, аксаран аз сӯи ҷавонон ин паёмади бе назорат ва аз таълиму тарбия дур мондани ҳамон кӯдакони наврасони хиёбонӣ ва афзоиши шумори чунин атфол аст, натиҷае, ки аз қабл пешгӯӣ мешуд.

Гуфта мешавад 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебаранд ва ба гуфтаи коршиносон то замоне, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии хонаводаҳои тағйир наёбад, ҳеҷ як барномаву лоиҳаи тарбиявии кор бо кӯдакону наврасони хиёбонӣ наметавонад муваффақ шавад ва ба коҳиши мизони ҷинояткорӣ мусоидат кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG