Пайвандҳои дастрасӣ

Барои омӯхтани фарқи талаффузи савтии инсон аз дигар ҷондорҳои ширхӯр, олимони олмонӣ ба муше гени савтии инсонро ворид ва дар садои он тағйирро низ эҳсос кардаанд.

Мушбачае, ки гени инсонии масъули садоро ба ӯ ворид кардаанд, ба тафовут аз дигар ҳамҷинсонаш садои дигар баровардааст. Аммо натарсед, ҳадафи донишмандонии Пажӯҳишгоҳи Макс Планки Олмон офаридани насли нави хояндаҳои суханрон набуда, балки ҳадафи онҳо кӯмак ба табибон барои табобати бемориҳои аъзои нотиқаи инсон аст.

Олимони донишгоҳи мазкур мегӯянд, мехоҳанд аз ин роҳ бидонанд, ки чаро баъзе аз инсонҳо мушкили нутқ пайдо мекунанд ва ё аз модар бо чунин нуқс таваллуд мешаванд.

Мушҳо ҳеҷ гоҳ сухан гуфтанро ёд намегиранд, аммо метавонанд, дар амри ислоҳи нуқс дар аъзои нотиқаи инсон аз роҳи генетикӣ кӯмак кунанд. Волфганг Энард, аз Пажӯҳишгоҳи Макс Планк гуфтааст, бо ин пажӯҳиш метавон дид, ки чӣ гуна мушҳоро метавон на танҳо барои таҳқиқи бемориҳои инсон, балки таърихи инсонҳо истифода бурд.

Волфганг Энард мегӯяд, олимон тайи як даҳсолаи ахир ошкор кардаанд, ки чӣ гуна генҳои инсонӣ ва мушҳо ба ҳам шабеҳанд ва тақрибан якхел рафтор мекунанд.

Дар офаридани нутқи инсонӣ садҳо ген амал мекунанд, аммо даҳ сол пеш олимон гени мавсум ба Эф Оу Экс Пи 2-ро ошкор кардаанд, ки сабаби нуқс дар нутқи тамоми аъзои як оилаи бузург дар Лондон буд. Аъзои ин хонавода дар сухан гуфтан ва калимабандӣ азоб мекашиданд.

Олимон зуд ин генро дар ҷисми ҳайвонот ҳам ташхис карда вале дарёфтанд, ки ин гени инсон масалан аз гени шабеҳи шимпанзе ва ё муш фарқи зиёде дорад. Олимони Пажӯҳишгоҳи Макс Планк ба ҷанини 300 муш гени инсонро ворид карда ва баъди бузург шудан дар фаъолияти майнаи сари онҳо тағйирот мушоҳида кардаанд.

Савти садо дар нутқи ин мушҳо ҳам тағйир ёфтааст ва масалан вақте онҳоро аз модарҳояшон ҷудо кардаанд, мушбачаҳо садои мутафовит аз дигар ҳамҷинсҳояшон баровардаанд. Аммо Волфганг Энард мегӯяд, чун доир ба роҳҳои иртиботи мушҳо бо ҳамдигар маълум нест, наметавон фаҳмид, ки ин маънии тағйирот дар майнаи мушҳо чӣ буда метавонад.

Олимони пажӯҳишгоҳи Макс Планк мегӯянд, идомаи таҳқиқот дар ин замина ва дар ҳайвоноти дигар метавонад, доир ба таърихи ташаккули таърихии нутқи инсон маълумоти дақиқу аниқтаре пайдо кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG