Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи аввал: «Саройкамар» - пешсафи ягона


Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Саройкамар»-и Панҷ дар меҳмонӣ РШВСМ-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. «Хайр»-и Ваҳдат бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. «Ҷавонон»-и Турсунзода низ дар сафар «Барқ»-и Норакро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. «Локомотив»-и Душанбе дар майдони худ бар «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳам дар майдони худ бар «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Бад-ин тартиб дар ҷадвали мусобиқа «Саройкамар» бо 12 имтиёз дар ҷои аввал, «Хайр» бо 8 имтиёз дар ҷои дуюм ва «Ҷавонон» бо 7 имтиёз дар ҷои сеюм мебошанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 14-уми июн

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар» (Панҷ)

4

4

0

0

8-3

12

2.

«Хайр» (Ваҳдат)

4

2

2

0

12-5

8

3.

«Ҷавонон» (Турсунзода)

3

2

1

0

10-2

7

4.

«Панҷшер» (Румӣ)

4

2

0

2

14-6

6

5.

«Локомотив» (Душанбе)

4

2

0

2

4-6

6

6.

«Ҳулбук» (Восеъ)

4

2

0

2

7-10

6

7.

«Барқ» (Норак)

4

1

1

2

5-10

4

8.

«Рангонгаз» (Рӯдакӣ)

4

1

1

2

5-12

4

9.

«Зарафшон» (Панҷакент)

4

0

1

3

3-8

1

10.

РШВСМ (Душанбе)

2

0

0

2

2-7

0


Беҳтарин голзанҳо: Дилшод Табаров («Хайр») ва Саймурод Юнусов («Панҷшер») - 6-голӣ.

Бозиҳои даври 5-ум: 14-уми июн – «Ҳулбук» - «Ҷавонон», «Панҷшер» - «Барқ», «Зарафшон» – РШВСМ, «Локомотив» - «Рангонгаз», 15-уми июн «Саройкамар» - «Хайр».
XS
SM
MD
LG