Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди гуштии самбо дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии самбо дар шаҳри Тошканд ва вазъи имрӯзаи ин навъи варзиш дар кишвар бахшида шудааст.

Барномаи навбатӣ бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон шурӯъ мешавад:

Луис Фелипе Сколари сармураббии бошгоҳи футболи «Бунёдкор»-и Тошканди Узбакистон таъин шуд. Мураббии собиқи тимҳои миллии Бразилия ва Португалия, бошгоҳи футболи «Челси»-и Инглистон Сколарии 60-сола бо тими қаҳрамони Узбакистон қарордоди якунимсола имзо кард. Ин мутахассиси бразилӣ, ҳамчунин, ба ҳамоҳанг кардани фаъолияти бошгоҳи «Бунёдкор» ва Академияи футболи бачагонаи Узбакистон машғул хоҳад шуд.

Инчунин мураббии собиқи тими «Милан»-и Итолиё Карло Анчелотти сармураббии дастаи «Челси»-и Инглистон таъин шуд. Бар асоси қарордоди сесола мутахассиси итолиёвӣ аз 1-уми июли соли ҷорӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Кака, нимҳимоятгари дастаи «Милан»-и Итолиё, бо бошгоҳи футболи «Реал»-и Мадриди Испониё қарордоди шашсола имзо кард. «Милан» феълан дар вазъи душвори молӣ қарор дорад, бинобар ин бо розигии футболбози 27-солаи бразилӣ, бошгоҳи итолиёвӣ маҷбур шуд, ки ӯро бифурӯшад. «Реал» ба «Милан» барои Кака 68 миллион евро ё 98 миллион доллар пардохт намуд.

Тими миллии футболи Ҷопон нахустин шуда ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифт. Ҷопониҳо пас аз пирӯзӣ дар бозии интихобӣ бар мунтахаби Узбакистон бо ҳисоби 1:0 дар сабқати гурӯҳи аввал барои рақибонашон дастнорас шуданд. Бояд тазаккур дод, Ҷопон пасиҳам барои дуввумин бор аст, ки аввалин шуда соҳиби роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол мешавад.

Сипас сӯҳбате дорем бо Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон ва президенти Федеросиюни тозатаъсиси самбои Осиёи Марказӣ.

Инчунин дар ин барнома дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Тошканд нақл мекунем.

Дар поёни барнома мухлисони футболи тоҷикро бо натоиҷи бозиҳои даври муқаддамотии Ҷоми ҷумҳурӣ-2009 ошно месозем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG