Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аудити Бонки Миллӣ дар дасти муфаттишон


Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати ин кишвар натиҷаҳои аудити пурсарусадои ин бонкро барои таҳқиқ дар ихтиёри мақомоти интизомии Тоҷикистон гузоштааст. Баъди таҳқиқи фаъолиятҳои молии Бонки Миллии Тоҷикистон ширкати хориҷии “Эрнст Энд Янг” аввали ҳамин сол эълом кард, ки раҳбарони Бонки Миллӣ бештар аз 850 миллион долларро нодуруст ва ё ба манфиати хеш истифода кардаанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ваъда додаанд, ки бо дарёфти натиҷаҳои аудит ба тафтиши он мепардозанд. Баъди ошкор шудани ин хатокориҳо, Сандуқи Байналмилалии Пул як ниҳоди сармоягузори Тоҷикистон аз ҳукумат хост, ба низоми молӣ ва сохтори Бонки Миллӣ ислоҳоти зиёде ворид кунад. Бонки Миллӣ аҳд додааст, то охири ҳамин сол ислоҳоти мазкурро анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG