Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии кишварҳо ба пандемияи зукоми хук


Як рӯз баъд аз он ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, эълом кард, бемории зукоми хук то ба сатҳи пандемия расидааст, теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон гуфтанд, ки омодаи муқобила бо густариши ин бемории кушанда ҳастанд. Кевин Рууд – нахуствазири Австралия, ки 1300 нафар ҳамватанаш ба зукоми хук гирифтор шудаанд, гуфт, Австралия барои муқобила бо беморӣ омодааст. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки худро барои хуруҷи эҳтимолии зукоми хук дар тирамоҳи ҳамин сол омода мекунанд. Айни замон Мексика гуфт, ки бемории зукоми хук дар кишвар таҳти назорат аст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, эъломи “пандемияи мӯътадил” маънии афзоиши марги беморон аз зукоми хукро надорад. То ҳол ин беморӣ 140 нафарро дар саросари кишвари дунё куштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG