Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарси ширкатҳои тавлиди сигори Амрико


Сенати Амрико як санадеро тасвиб кард, ки дасти ҳукумат барои коҳиши сигоркашӣ дар миёни амрикоиҳоро бозтар мекунад. Дар сурати тасвиби ин санад дар Маҷлиси Намояндагони Амрико, ниҳодҳои давлатӣ салоҳият хоҳанд дошт, то ҳаҷми никотин дар таркиби сигор ва тарғиби он дар миёни мардумро коҳиш диҳанд. Гурӯҳҳои муборизи зидди сигоркашӣ дар Амрико ин санадро як пирӯзии худ бар истеҳсолкунандагони сигор хондаанд, ки солҳои тӯлонӣ барои монеъ шудан ба чунин муқаррарот талош доштанд. Бар асоси омори Маркази Назорат ва Пешгирии Бемориҳо дар Амрико, ҳар сол дар ин кишвар 400 ҳазор нафар бар асари сигоркашӣ мемиранд.
XS
SM
MD
LG