Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври пешазохирини сабқати ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар минтақаи Осиё баргузор шуданд.

Бозиҳои сабқати интихобӣ бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:

Гурӯҳи «А» - Ҷопон - Қатар – 1:1, Австралия – Баҳрайн – 2:0 .

1. Австралия – 17 имтиёз (7 бозӣ). 2. Ҷопон – 15 (7). 3. Баҳрайн – 7 (7).
4. Қатар – 6 (8). 5. Узбакистон – 4 (7).

Бозиҳои даври охирин: 17-уми июн – Баҳрайн – Узбакистон, Австралия – Ҷопон.

Гурӯҳи «В» - Эрон - Аморати Муттаҳидаи Араб – 1:0, Кореяи Ҷанубӣ - Арабистони Саъудӣ - 0:0.

1.Кореяи Ҷанубӣ - 15 (7). 2. Кореяи Шимолӣ - 11 (7). 3. Арабистони Саъудӣ - 11 (7). 4. Эрон – 10 (7). 5. Аморат – 1 (8).

Бозиҳои даври охирин: 17-уми июн – Арабистони Саъудӣ – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ - Эрон.

Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин аз гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Австралия ва Ҷопон ва аз гурӯҳи «В» мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.
Дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саъудӣ ва Эрон барои дарёфти роҳхати дуввум дар гурӯҳи «В» талош доранд. Тимҳои Баҳрайн ва Узбакистон бошанд, барои гирифтани ҷои сеюм, ки ҳуқуқи ширкат дар плей-оффро медиҳад, мубориза мебаранд.

Вале тимҳои миллии Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб аз роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG