Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон пойгоҳи Манасро барои НАТО мебандад?


Генерал Мирослав Ниёзов-Дабири собиқи Шӯрои Амнияти Қирғизистон мегӯяд, ихроҷи нируҳои НАТО аз пойгоҳи низомии Манас ба нафъи мардуми Қирғизистон нест. Ниёзов, ки собиқадори нируҳои кашфи кишвараш аст, ба радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад ва тасмим дар бораи ихроҷи ин нируҳо аз Манас иштибоҳ аст. Дар оғози соли ҷорӣ раҳбарони Қирғизистон эълон карданд, ки қарордод дар бораи ҳузури нируҳои НАТО дар пойгоҳи Манасро лағв мекунанд. Дирӯз Кадирбек Сарбаев-вазири умури хориҷаи Қирғизистон эълон кард, ки аз номи Барак Обама ба раҳбарони Қирғизистон номае расидааст ва вай умедвор аст, ки ҳамкорӣ бо Амрико идома меёбад.
XS
SM
MD
LG