Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи Амрико имрӯз аз Сурия боздид мекунад


Имрӯз Ҷеорҷ Митчел-фиристодаи Амрико барои Ховари Миёна дар чаҳорчӯбаи иҷрои дархостҳои давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико роҷеъ ба таъмини сулҳ вориди Сурия мешавад. Вай дирӯз аз Аммон боздид ва бо малик Абдуллоҳ мулоқот кард. Оқои Митчел ба малик Абдуллоҳ гуфт, ки Вошигтон муттааҳиди сулҳи "ҳамаҷониба"-и Ховари Миёна мебошад. Вай аз суханони Барак Обама дар Қоҳира ёдовар шуд, ки ҳафтаи гузашта ба мусулмонони ҷаҳон паём фиристод. Обама дар ин суханронӣ хостори ҳали муноқишаи миёни Исроилу Фаластин шуд.
XS
SM
MD
LG