Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук пандемия эълон шуд


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълон кард, ки бемории зукоми хук ба бемории сартосарӣ ё пандемия табдил ёфтааст. Ба ин далел барои пешгирӣ ин беморӣ дараҷаи шаши омодагӣ эълон мешавад. Нишонае ба даст омадааст, ки ин беморӣ дар кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико дар миёни аҳолӣ густариш ёфтааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, бо вуҷуди ин, барои пешгирӣ аз густариши бештари ин беморӣ бастани марзҳо ё маҳдудият дар рафту омади мардум зарурате дида намешавад. Коршиносон мегӯянд, дар 72 кишвар ангезандаҳои ин беморӣ мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG