Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Эрон интихобот баргузор мешавад


Имрӯз дар Эрон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ин интихобот метавонад барои муносиботи Эрон бо Ғарб муҳим бошад, зеро Ғарб аз барномаҳои ҳастаии ин кишвар нигарон аст. 4 номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихобот ширкат мекунанд ва Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳурии кунунӣ аз ҷумлаи онҳост. Интизор меравад, ки вай ба рақобати шадиди Мирҳуссейни Мусавӣ-нахуствазири собиқи Эрон рӯ ба рӯ шавад. Номзадҳои дигар Меҳдӣ Каррубӣ ва Муҳсин Ризоӣ мебошанд.
Ин номзадҳо Аҳмадинежодро муттаҳам мекунанд, ки вазъи иқтисодиро бадтар кардааст, бекорӣ афзоиш ёфтааст ва нархҳо боло рафтааст. Ислоҳтадабони бими онро доранд, ки дар интихобот тақаллуб роҳ меёбад. Агар ҳеҷ як аз ин 4 номзад барои пирӯзӣ райи кофӣ ба даст наоранд, даври дуввуми интихобот 19-ӯми июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG