Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан хостори кӯмак ба беҷошудагони Покистон шуд


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ мегӯяд, гурӯҳҳои имдод дар Покистон маҷбур мешаванд кӯмакҳои башарӣ ба миллионҳо нафар ниёзмандонро, ки аз минтақаи даргириҳо дар водии Свот фирор кардаанд, муттаваққиф созанд, агар бӯҳрони мавҷудаи даҳсола бо кӯмакҳои башарӣ ҳал нашавад. Бан Ки Мун зимни суханони худ дар дафтари СММ аз кӯмаккунадагони аслӣ хост, ки бештар сармоягузорӣ кунанд, зеро Покистон бидуни кӯмакҳои байналмиллалӣ мумкин аст ба бӯҳрони дуввуми печ дар печ дучор шавад. 9 ожонси имдодрасонӣ гуфтаанд, ки онҳо барои харидории хӯрокиву дору, хаймаҳо ва либос барои беҷошудагони ҷанг ба 42 миллион доллар ниёз доранд. Шумораи зиёди одамон баъд аз оғози амлиёт бар зидди Толибон дар водии Свот хонаҳои худро тарк кардаанд ва сарпаноҳ надоранд
XS
SM
MD
LG