Пайвандҳои дастрасӣ

Петреус:дар Афғонистон ҳамлаҳо ба авҷи худ расидааст


Генерал Дэвид Петреус-афсари боломақоми Амрико, ки ба амалиёти нируҳои ин кишвар дар Афғонистону Ироқ раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, ҷангҳое, ки ду соли ахир дар Афғонистон идома дорад, ҳафтаи гузашта ба авҷи нави худ расидааст ва душвориҳо ҳанӯз дар пеш аст. Вай зимни суханони худ дар Вошингтон гуфтааст, дар давоми ҳафтаи гузашта шӯришиён беш аз 400 ҳамла анҷом додаанд. Ҳамлаҳо аз камин, тирандозӣ, ҳамла ба дафтари мақомоти давлатӣ, бамгузорӣ дар роҳҳо, инфиҷори минҳо ва амсоли он аз ҷумлаи табаҳкориҳои шӯришиён дар як ҳафтаи ахир будааст. Шумораи ин ҳамлаҳо нисбат ба моҳи январи соли 2004 50- то камтар аст. Маъмулан ҳамлаи шӯришиён дар Тобистон афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG