Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон 60 шӯришии Толибро нобуд кард


Артиши Покистон мегӯяд, ки дар ҷараёни амалиёти ахир дар водии Свот ва манотиқи атрофи он бештар аз 60 нафар шӯришиёни Толибонро куштааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, нируҳои артиш ҷабҳаи наве бар зидди шӯришиён боз кардаанд ва чархболҳои низомиву тӯпхона мавозеъи шӯришиёнро дар манотиқи қабиланишини Вазиристон ба оташ кашидаанд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додааст, ки як бамгузори интиҳорӣ ба нируҳои амниятӣ дар Пешовар ҳамла бурдааст, ки дар натиҷа ду нафар кушта, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон дар Пешовар бозрасон расидагӣ ба инфиҷори меҳмонсарои ин шаҳрро идома медиҳанд. Инфиҷор ҳафтаи ҷорӣ рух дод ва дар он 9 нафар кушта, 60 нафари дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG