Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даврони Шӯравӣ аз нигоҳи ҷомеаи имрӯз


Назари мардум ба бисёр ашхосе, ки дар замони зиндагиашон онҳоро чун шахсиятҳои шинохта ном мебурданд, бо гузашти солҳо дигар гардидааст.

Ин нукта дар муаррифии назарсанҷӣ бо номи «Арзёбии таърихи даврони Шӯравӣ ва баъди он аз ҷониби мардуми кишварҳои тоза ба истиқлол расида, дар Алмаато садо дод. Чунин назархоҳиро Бунёди байнулмилалии пажӯҳиши Авруосиё роҳандозӣ кардааст.

Хайриддин Идӣ, муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои иҷтимоиву сиёсии «Коршинос» гуфт, дар ин назарсанҷӣ баробари 14 кишвари собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон низ ширкат дошт ва пурсидашудагон назари хешро ба рӯйдодҳои даврони Шӯравӣ ва шахсиятҳои он замон ва ҳаводиси Тоҷикистони даврони Шӯравӣ ва истиқлол ва ашхоси дар ин давра нақшдошта баён намуданд.

Ҳамчунин тазоди назарро дар мавриди ашхоси таърихи навини кишвар метавон мушоҳида намуд. Оқои Идӣ мегӯяд, агар дар мавриди шахсиятҳои Тоҷикистони даврони Шӯравӣ мисли Шириншоҳ Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ ва Ҷаббор Расулов назари пурсидашудагон бештар мусбат бошад, чунин назарро дар бораи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Сафаралӣ Кенҷаев ва Сангак
Сафаров, ки ашхоси маълуми замони худ буданд, наметавон пайдо намуд.

Назари тоҷикон ба рӯйдодҳои бузурги даврони Шӯравӣ ва истиқлол низ аз ҳам ва аз назари пурсидашудагони дигар кишварҳо бештар тафовут дорад. Оқои Идӣ изҳор мекунад, ки пурсидашудагони тоҷик аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ афсӯс мехӯранд ва чунин назари пурсидашудагони тоҷикро ӯ ба воқеаҳои нохуши баъди истиқлол ва вазъи имрӯзии мардум марбут медонад.

Ин дар ҳолест, ки тавре Игор Задорин, раиси Бунёди пажӯҳиши Авруосиё гуфт, тибқи назархоҳӣ пошхурии Иттиҳоди Шӯравиро пурсидашудагони дигар кишварҳо, мисли ҷумҳуриҳои Балтик ва Қафқоз чун марҳалаи ниҳоӣ ва воқеии аз байн рафтани империяи Шӯравӣ ва роҳе барои ба даст овардани истиқлоли кишварашон ҳодисаи хурсандибахш ва мусбат арзёбӣ карданд.

Аз сӯи дигар пурсидашудагони тоҷик истиқлолияти Тоҷикистонро воқеаи мусбат ном бурдаанд, ки чунин мавқеъгирии онҳо бо назарашон дар бораи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз марги он ба истилоҳ гиря карда буданд, комилан тазод аст. Назари тоҷикони дар пурсиш ширкатдошта дар мавриди шахсиятҳои сиёсии замони Шӯравӣ Ленин, Сталин ва Горбачев низ аз назари намояндагони бархе аз кишварҳо тафовут дорад.

Масалан, агар ба Ленину Сталин дар кишварҳои назди Балтик ва бархе аз кишварҳои Қафқоз ва ҳатто Русия манфӣ баҳо бидиҳанд, дар Тоҷикистон ва ағлаби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба онҳо эҳтиром доранд. Баръакс ба Михаил Горбачев чун барҳамдиҳандаи Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо назари манфӣ баён кардаанд. Дар кишварҳои назди Балтик бошад поягузори бозсозиро чун қаҳрамони миллӣ медонанд.

Бар пояи ин назарсанҷӣ тавре Игор Задорин, раиси Бунёди пажӯҳиши Авруосиё гуфт, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Белорусро ба гурӯҳи кишварҳое, ки ба даврони Шӯравӣ баҳои мусбат додаанд, шомил кардаанд.

Баръакс гурӯҳи дуюми кишварҳо, ки ба он кишварҳои назди Балтик ва Гурҷистон дохиланд, рӯйдоду шахсиятҳои ин давраи таърихро ба таври манфӣ арзёбӣ кардаанд. Чунин назари мухталифи кишварҳо ба рӯйдодҳои қарни гузашта, тавре коршиносон таъкид карданд, баёнгари ин аст, ки дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ мардум дар сатҳи гуногуни худшиносӣ қарор доранд ва он рӯйдодҳо аз ҷониби мутахассисон ва расонаҳои хабарӣ ба таври гуногун шарҳ дода мешаванд .
XS
SM
MD
LG