Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикову Эрон футбол бозӣ мекунанд?


Раҳбари тими миллии футболи Амрико мегӯяд, ки масъалаи бозии ин тим бо тими миллии футболи Эронро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ кардааст. Санаи эҳтимолии баргузории бозиро моҳи ноябр мегӯянд. Дар сурати тавофуқи ду тараф ин нахустин бозии тимҳои миллии Эрону Амрико тайи як даҳсолаи ахир хоҳад буд. Санил Гулатӣ - раиси Федератсияи Футболи Амрико гуфт, гуфтӯгу бо Эрон дар марҳилаи “муқаддамотӣ” қарор дорад, зеро тимҳои миллии ду кишвар талош доранд, ба марҳилаи асосии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии соли 2010 дар Африқои Ҷанубӣ роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG