Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои НАТО аз Косово хориҷ мешаванд


Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО имрӯз ба тавофуқ расиданд, то теъдоди посдорони сулҳи паймон дар Косоворо аз 14 ҳазор то 10 ҳазор нафар кам кунанд. Яаап Де Ҳоп Схеффер – дабири кулли Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ гуфт, “авзоъи сиёсиву низомӣ муносиб аст, то ҳузури нерӯҳои паймон дар минтақа бознигарӣ шавад." Ба гуфтаи Яаап Де Ҳоп Схеффер, ғолибан теъдоди посдорони сулҳро то охири ҳамин сол кам мекунанд. Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ баъд аз бомборони Сербистон, ки ба ҷанги ду қавм дар Косово хотима дод, соли 1999 нерӯҳои посдорони сулҳашро ба Косово фиристод. Дар ҷаласаи вазирони дифоъи НАТО ҳамчунин авзоъи Афғонистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG