Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук то ба сатҳи пандемия расид


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, эълом кард ки вусъати густариши бемории зукоми хук ба сатҳи пандемия, яъне густариши саросарӣ расидааст. Мизони хатари афзоиши бемории мазкурро то дараҷаи шаш арзёбӣ карданд, ки мизони расидан ба пандемия маҳсуб мешавад. Сирояти ин бемории хатарнок аз инсон ба инсон, ки нахуст дар Мексика хуруҷ кард дар 74 кишвари ҷаҳон мушоҳида шудааст. Ин беморӣ ҳоло дар қораҳои Осиёву Амрикову Аврупо аз инсон ба инсон сироят кардааст.
XS
SM
MD
LG