Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии авзоъи Афғонистон дар НАТО


Вазирони дифоъи Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ имрӯз дар шаҳри Брюссел авзоъ дар Афғонистон ва теъдоди нерӯҳояшон дар Косоворо баррасӣ доранд. Интизор меравад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кишварҳои аврупоӣ фишор биёрад, то сарбозони бештаре ба Афғонистон бифристанд. Амрико аҳд додааст, ки барои мубориза бо шӯришиёни ба раҳбарии Толибон дар Афғонистон, 21 ҳазор сарбози иловагӣ мефиристад. Қарор аст, вазирони дифоъи НАТО ҳамчунин доир ба масъалаи коҳиши теъдоди нерӯҳояшон дар Косоворо гуфтӯгу кунанд. Франс Ҷозеф Янг – вазири дифоъи Олмон гуфт, эҳтимол меравадтеъдоди нерӯҳои паймон дар Косово то 10 ҳазор нафар кам шавад.
XS
SM
MD
LG