Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Шералӣ Маҳмадалиев дар сабқати бокси ҳирфаӣ


Муштзани тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев

Муштзани тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев

Муштзани тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Люберсии назди Маскав бар Норберто Адриан Акостаи аргентинӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Шералӣ Маҳмадалиев, ки феълан дар Русия ба сар мебарад, дар ин сабқат шаҳри Санкт-Петербургро намояндагӣ кард. Вай барои бори аввал дар қувваозмоие, ки аз 8 раунд иборат буд, ширкат варзида, дар вазни ниммиёна ҳунарнамоӣ кард.

Бо қарори якдилонаи доварон дар ин сабқат муштзани тоҷик, ки комилан бартарӣ дошт, ғолиб дониста шуд.

Ин ҳафтумин ғалабаи Шералӣ Маҳмадалиев дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG