Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Размоиши Русия дар марз бо Гурҷистон


Русия дар наздикиҳои марз бо Гурҷистон ҳамин моҳ як размоиши васеъ бо ширкати ҳаштуним ҳазор сарбоз баргузор хоҳад кард. Вазорати дифоъи Русия мегӯяд, дар ин размоиш, ки аз 29 июн то 6 июл идома хоҳад ёфт, шеваҳои мубориза бо терроризм ва амалкард дар ҷараёни ҳолатҳои фавқуллода тамрин мешавад. Дар тамринҳои низомии имсола назар ба тамринҳои “Қафқоз-2008” нерӯҳои бештар ширкат мекунанд. Моҳи гузашта муовини вазири дифоъи Русия гуфт, дар вокуниш ба размоишҳои НАТО дар Гурҷистон, ба размоиши “Қафқоз –2009” “тағйирот” ворид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG