Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нафт дар бозорҳо гаронтар шуд


Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ имрӯз ба 72 доллар барои ҳар бӯшка расид, ки дар соли равон мушоҳида нашуда буд. Муомилоти ҳар бӯшка нафт дар бозорҳои Осиё имрӯз бо 72 доллару 13 сент сурат гирифт ва рӯзи чаҳоршанбе дар бозори Ню Йорк аз 71 доллар ҳам гузашт. Қимати нафт, ки дар моҳи март 35 долларро ташкил медод, то имрӯз ду баробар афзоиш ёфт, зеро муомилакунандагони нафтӣ интизор доранд, ки рӯзҳои сахти рукуди иқтисодии Амрико бузургтарин масрафкунандаи нафт дар ҷаҳон сипарӣ шудааст, аз ин хотир талабот ба нафт дар инҷо бештар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG