Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд интиқоли газро комилан қатъ карданист


Мақомоти Узбакистон эълон кардаанд, ки дар сурати пардохт нашудани 17,5 миллион доллар қарзи Тоҷикистон интиқоли газ ба ин кишварро комилан қатъ хоҳанд кард.

Дар ин бора Шавкат Шойимов, ҷонишини раиси «Тоҷиктрансгаз», ба радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ширкати «Узтрансгаз»-и Узбакистон зимни як барқияи телефонӣ унвонии «Тоҷиктрансгаз» дар бораи ин тасмим хабар додааст. Муҳлати пардохти қарзро ҷониби Узбакистон то рӯзи 15-уми моҳи ҷорӣ таъин кардааст.

Вале оқои Шойимов ҷавоби мусбӣ ба дархости Узбакистон тайи ин муддатро ғайриимкон медонад. Вай афзуд, ҳудуди 16 миллион доллари ин қарз ба чаҳор ширкат - «Барқи тоҷик», Корхонаи хиштсозӣ, «Сомонсуғдгаз» ва «Лаъл» - рост меояд ва ин ширкатҳо омодаи пардохти ин қарз нестанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Узбакистон қаблан низ якчанд бор бо чунин дархостҳо муроҷиат карда буд.
XS
SM
MD
LG