Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаракати зукоми хук ба сӯи пандемия


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, имрӯз як нишасти изтирорӣ баргузор кард, то бо коршиносон масъалаи густариши бемории хатарноки зукоми хукро баррасӣ намояд. Пештар аз ин нишаст дар шаҳри Женеваи Швейтсария, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки дар андешаи эълом кардани пандемияи зукоми хук аст, ки то кунун ҳазорон нафарро дар бештар аз 70 кишвари дунё бемор кардааст. Маргарет Чен – мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, гуфт, рӯзи чаҳоршанбе бо мақомоти ҳашт кишвари шоҳиди хуруҷи васеъи зукоми хук машварат анҷом додааст, то вусъати тавсиъаи ин бемориро арзёбӣ кунад.
XS
SM
MD
LG