Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи Толибон ҳалок нашудааст


Артиши Амрико мегӯяд, Мулло Мустафо - як фармондеҳи Толибон, ки тассавур мерафт, дар ҳамлаи ҳавоии Амрико ҳалок шудааст, эҳтимолан зинда аст. Рӯзи чаҳоршанбе артиши Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки Мулло Мустафо ва 16 ҷангҷӯи зердасти ӯ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти Ғур ҳалок шудааст. Аммо имрӯз низомиёни Амрико дар Афғонистон бо нашри баёяние гуфтанд, ки “гузоришҳои мӯътамаде” дар даст доранд, ки Мулло Мустафо аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурдааст. Ба гуфтаи низомиён, онҳо ҳамчунин гузоришҳо доир ба ҳалокати мардуми мулкӣ дар ин ҳамларо таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ бар асари ҳамла ба рустои онҳо 12 ҷангҷӯ ва ҳамчунин 10 ғайринизомӣ ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG