Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз тирандозӣ дар музей муттаассиф аст


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, вай аз ҳамлаи марди мусаллаҳ ба Музеи Ёдгориҳои Ҳолокост муттааҷҷиб ва муттаассиф аст. Бино ба гузоришҳо, ин ҳамларо як марди 88-сола бо номи Ҷеймс Вон Брунн анҷом додааст ва дар натиҷаи он як посбони музей кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, ин марди мусаллаҳ танҳо будааст ва худро низ захмӣ кардааст ва дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шудааст. Адриан Фентӣ-шаҳрдори Вошингтон дар бораи ин ҳодиса ба рӯзноманигорон гуфт:

"Дар чунин рӯзҳову вақтҳо шумо намедонед, ки касе аз ҷое аслиҳа мегирад ва аз он нодуруст истифода мекунад, он гуна, ки имрӯз рух дод. Аммо мо ба қаҳрамонии посбонон сипосгузорӣ мекунем. Пулис сари вақт расид ва боздошт кард".


Музейе, ки дар он тирандозӣ шуд, ёдгории 6 миллион яҳудиёни қурбоншуда дар Ҳолокост мебошад.
XS
SM
MD
LG