Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаҳои ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон ба тасвиб расид


Дар Нию Йорк ҷаласаи солонаи Шӯрои Иҷроияи Бунёди Кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ баргузор шуд. Барномаҳои ин созмон барои 16 кишвар, аз ҷумла тарҳҳои ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 то 2015 ба тасвиб расид. Барои иҷрои бахши тоҷикистонии ин барнома 28 миллион доллар дар назар гирифта шудааст. Самтҳои асосии барнома бо стратегияи рушди миллии Тоҷикистон, стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва дигар барномаҳои ҳукуматии он кишвар ҳамоҳанг сохта шудаанд. Дар ин бора намояндагии Тоҷикистон дар СММ ба радиои Озодӣ дар Нию Йорк хабар дод.
XS
SM
MD
LG