Пайвандҳои дастрасӣ

Русия хостори ҷаҳони вораста аз аслиҳаи ҳастаист


Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт, вай ҷонибдори ҷаҳони вораста аз аслиҳаи ҳастаӣ мебошад. Вай дар як нишасти хабарии муштарак бо Франк-Волтер Штенмайер-вазири умури хориҷаи Олмон гуфт, Русия мехоҳад аслиҳаи ҳастаӣ мамнуъ эълон шавад, агар Амрико ва соири кишварҳои дорои ин аслиҳа чунин кунанд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико моҳи апрели соли ҷорӣ назари худро дар бораи раҳоии ҷаҳон аз аслиҳаи ҳастаӣ баён дошта буд. Вай гуфта буд, Амрико ҳозир аст дар ин роҳ дар раъси кишварҳое қарор бигирад, ки мехоҳанд зарродхонаҳои ҳастаии худро коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG