Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори посбони музеи Ҳолокост дар Вошингтон


Пулис мегӯяд, як марди солманд аз туфанг дар дохили Музеи Ёдгории Ҳолокост дар Вошигтон оташ кушодааст. Аз тири туфанги посбони даромадгоҳ кушта шудааст. Сипас ин мард худро сахт маҷруҳ кардааст. Адриан Фентӣ-шаҳрдори Вошингтон гуфтааст, ин марди 89 сола бо захми тир дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шудааст. Пулис мегӯяд, ин мард баробари ворид шудан ба музей ба посбонон оташ кушодааст. Ин марди машкук, ки аз вай Ҷеймс Вон Брунн ном бурда мешавад, мошинашро дар наздикиҳо гузоштааст. Мошини вайро бозрасӣ кардаанд, то дар он маводи мунфаҷира кор гузошта нашуда бошад. Вон Борунн нажодпараст аст ва як сафҳаи интернетии Семитикӣ ё Сомӣ дорад. Вай соли 1983 маҳкум ба зиндон шуда буд. Он вақт вай идаъо мекард, ки вазъи иқтисодӣ бад аст ва ба нишонаи эътироз талош карда буд, то кормандони Бонки Марказиро рабояд. Он вақт ҳам бо худ туфангча дошт.
XS
SM
MD
LG