Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боғи ботаникии пажӯҳишгоҳи ботаникаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар 30 километрии шаҳри Душанбе, дар дараи тангу саросар печида бо гулу гиёҳу дарахту буттаҳои камназири Кондара мавқеият дорад.

Кондара аз шохаи дараҳои Варзоб аст, аз дохили он оби мусаффои чашмаҳо ҷӯи бузурге сохта ба рӯдхонаи Варзоб сарозер мешавад. Ин ҷӯи оби чашмаҳои кӯҳӣ мавриди боришот мисли рӯдхонаи пуртуғён лаболаб мешавад ва бо ин манзур дар солҳои 60 уми қарни бистум нақби 800 метрӣ дар дили кӯҳ кофта ва роҳи ҷуйро канортар аз деҳаи поёни Кондара ба рӯдхонаи Варзоб ҷорӣ кардаанд.

Ва ин ҳама шомили боғи ботаникии пажӯҳишгоҳи ботаникаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст, ки дар солҳои сиюми қарни гузашта бунёд шудааст. Ин боғ бо дастони донишмандон ва донишҷӯёни бахши ботаника сарсабз шудааст ва озмоишгоҳи Фарҳангистони ботаника мебошад.

Дар ин боғ анвои нодири рустанӣ, дарахту буттаҳо, ҳамзамон ҳайвонот парвариш мешавад. Радиои «Озодӣ» саёҳати ин боғ дошт ва гузориши видеоии зерро таҳия кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG