Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи қатънома оид ба Кореяи Шимолӣ ҳамоҳанг шуд


Панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ тарҳи қатънома оид ба қазияи Кореяи Шимолиро ҳамоҳанг карданд. Дар ин санад аз Пхенян даъват шудааст, ки аз озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакӣ даст бардорад. Ин озмоишҳо аз сӯи Кореяи Шимолӣ дар охирҳои моҳи гузашта боиси нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонӣ шуда буд.
Тибқи ин тарҳ, дар сурати идомаи озмоишҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ аз таҳримҳо, аз ҷумла, қатъи муомилоти молӣ бо ин кишвар ва тафтиши борҳои шубҳаовар барои Пхенян, кор гирифта мешавад. Интизор меравад, ки раъйдиҳӣ барои тарҳи қатънома рӯзи ҷумъа баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG