Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Chrysler ва Fiat ба тавофуқ расиданд


Имрӯз ширкатҳои Chrysler (ИМА) ва Fiat (Италия) ба созише расиданд, ки тибқи он ширкати италиявӣ соҳиби бахши аъзами саҳмияҳои Chrysler мешавад. Ин созиш ба Chrysler имкон медиҳад, ки аз пардохти қарзи чандмиллиарддолларӣ дар ҷараёни раванди баршикастагӣ халос шавад. Дар изҳороти ширкати Fiat омадааст, ки ба зудӣ фаъолияти бархе корхонаҳои Chrysler, бар асари баршикастагӣ мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG