Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод Мусавиро бо Ҳитлер баробар кард


Имрӯз охирин рӯзи маъракаи пешазинтихоботӣ дар Эрон аст. Раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, ки аз довталабони аслии мақоми раисиҷумҳур маҳсуб мешавад, ахиран рақиби асосияш Мир Ҳусейни Мусаввиро дар кор гирифтан аз тарзҳои “ифлос”-и муборизаи пешазинтихоботӣ муттаҳам ва бо Адолф Ҳитлер баробар кард ва таҳдид намуд, ки ӯро ба маҳбас мекашад. Қаблан Мусавӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро дар фиреби мардум дар робита ба вазъи воқеъии иқтисодии кишвар муттаҳам карда буд.
Дар Эрон таҳқири мақоми олии кишвар ҷиноят маҳсуб мешавад ва афроди муттаҳам метавонанд барои то ду сол маҳкум ба зиндон шаванд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи 12 июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG