Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз таркиши худкушона дар меҳмонхонаи "Перл Континентал" дар Пешовари Покистон 11 нафар, аз ҷумла ду корманди Созмони Милал кушта шуданд.

Вазири иттилооти Вилояти марзии шимолу ғарбии Покистон, Миён Ифтихор Ҳусайн гуфт, таркиш дар меҳмонсаро интиқоми Толибон аз нерӯҳои ҳукумат буд, ки ситезаҷӯёнро дар Свот ва Малоканд шикаст доданд. Вай аз эҳтимоли такрор шудани чунин ҳодисаҳо ҳушдор дод.

Меҳмонхонаи "Пёрл Континентал"-и Пешовар ҷойи писандидаи хориҷиён буд ва шумори зиёде аз кормандони созмонҳои байнулмилалӣ, ки барои кӯмак ба беҷошудагони дагириҳои Малоканд ба минтақа омадаанд, дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд.

Видеои дидбонони амниятии бино нишон медиҳад, ки як гурӯҳ мусаллаҳон савори як мошини сабукрав бо расидан ба даромадгоҳи ҳавлии меҳмонсаро ба посбонон тир кушодаанд ва мошини боркаше, ки эҳтимолан пур аз маводи тарканда будааст, ба девори меҳмонсаро бархӯрдааст.

Инфиҷори нерӯманд бахше аз бинои панҷтабақаро ба замин яксон карда, даҳҳо мошинро тахриб намуд. Полис ҳадс мезанад, ки дар мошини боркаш 500 килограм маводи тарканда гузошта шудааст.

Як ронандаи таксӣ, Ҷамилшоҳ, ки ҳангоми инфиҷор дар ин маҳал будааст, мегӯяд: "Мо дар намоз будем, ки тириандозӣ сар шуд ва ҳама фиғон мезад, ки террористҳо омадаанд. Баъд ҳама аз таркиши гӯшкаркунандае ба ваҳшат омаданд."

Коршиноси умури минтақа, Фазлраҳим Мурувват дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои "Озодӣ" аз Пешовар гуфт, "Пёрл Континентал" амнтарин меҳмонхонаи Пешовар ба шумор мерафт. Он дар ҳалқаи бисёр биноҳои муҳими давлатӣ ва ҳарбӣ ҷойгир шуда, мавриди истифодаи кормандони мададрасон ва дипломатҳо буд.

Мурувват мегӯяд: "Ҳақиқаташ ин аст, ки пас аз амалиёти Свот ҳукумат тамои корро мекард, ки амният ҳифз шавад. Постҳои тафтишотӣ зиёд шуда, ҳамаи мошинҳо кофтуков мешаванд. Аз ҷойҳои ҷамъитӣ ҳеҷ ҷое мисли ин меҳмонсаро амн набуд. Зеро худи бинои он аз дарвозаҳои асосияш хеле дуртар ҷойгир аст. Дурбинҳо амниятӣ ҳамаи ҳаракатҳоро забт мекардканд ва бору коло бо саг тафтиш мешуд, ҳатто колои марбут ба афроди воломақом."

Ба ақидаи Мурувват, меҳмонсаро барои он ҳадаф қарор гирифт, то ба хориҷиён паём дода шавад, ки ҳеҷ ҷои Покистон барояшон амн нест.

Кумиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон тасдиқ кард, ки дар ин таркиш корманди серби он Александр Воркапич кушта шудааст. Созмони Милал ҳамчунин гузориш дод, ки корманди Бунёди кӯдак ё Юнисеф, шаҳрванди Филиппин, Персеверанда Со низ дар ин ҳодиса ба ҳалокат расид.

"Ин як ҳамлаи ваҳшиёна ва ғайриқобили қабул ба инсонигарии баланде буд, ки Персӣ ба он бовар дошт. Гуфт дар изҳороташ мудири иҷроии Бунёди кӯдаки Созмони Милал Анн Венеман.

Маъмури баландпояи шаҳри Пешовар, Анис Соҳибзод гуфт, як зани олмонӣ, ки низ барои Бунёди кӯдаки Созмони Милал кор мекард ва ҳам як марди бритониёву як шаҳрванди Нигерия дар ин таркиш захмӣ шудаанд.

Айни чунин ҳамлаи худкушона бо истифода аз мошини боркаш дар меҳмонсарои "Мариот"-и Исломбод дар моҳи сентябри соли гузашта 55 нафарро ба ҳалокат расонда буд.
XS
SM
MD
LG