Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷии ИМА гузориши солонааш дар бораи пешбурди озодиву демократияро ба табъ расонид, ки вазъи ин фарояндро дар соли гузашта дар 106 кишвар фаро гирифтааст.

Департаменти давлатии ИМА дар гузориши солонааш менависад: "Тоҷикистон кишвари худкома буда, дар саҳнаи сиёсии он президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳалқаи наздикони муттафиқаш нуфуз доранд."

Ба навиштаи муаллифон "конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи сиёсии мардумро таъмин мекунад, вале дар амал ҳукумат плюрализм ва ё бисёрҳизбиро маҳдуд кардааст. бар асари фасод, низоми маорифи дар ҳоли рукуд ва ҳукуматдории ноӯҳдабароёна хадамоти шаҳрвандии Тоҷикистон беасар шудаанд."

Дар идомаи гузориш мехонем: "Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти Тоҷикистон бидуни муҷозот амал мекунанду иттиҳодияҳои муназзами ҷиноӣ дар иқтисод ва тамоми гӯшаҳои кишвар таъсир доранд. Низоми адолати ҷиноии Тоҷикистон одилона нест ва имкон намедиҳад, ки шаҳрвандон маҳдудияти ҳуқуқии худро аз байн баранд."

Ҳамчунон муаллифони гузориш иброз доштаанд, ки аксари расонаҳои хабарии Тоҷикистон зери назорати ҳукумат қарор дошта, нашрияҳо аз хавфи таъқиб ба мавзӯъҳои ҳассос даст намезананд. Ҳукумат аз роҳи ҷорӣ намудани маъракаи тоқатфарсои сабтином ва истифодаи интихобии имконоти маъмуриву муфаттишони андоз созмонҳоро таҳти фишор қарор медиҳад.

Ҳамчунон дар поёни бахши аввали гузориши соли 2009-ум департаменти давлатии ИМА изҳор намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва "нуфузи хориҷӣ" тоату ибодатро бо чораҳои маҳдудкунанда мувоҷеҳ намудааст.

Ҳукумати ИМА эътироф мекунад, ки ташвиқи демократия дар Тоҷикистон душвор аст, зеро кишвар дар инзивоъ буда, бо таҳдидҳои зистмуҳитӣ рӯ ба рӯ мебошад. Бар илова ҳукумат ба ислоҳоти қобиои таваҷҷӯҳ майл надорад.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки ҳукумати ИМА саъй дорад дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ, созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон ва муассисаҳои муштарак ҳадафҳои дарозмуддаташ дар ин кишварро татбиқ намояд. Кумаки фаннии ИМА бо мақсади беҳбуди фаъолияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба ин ҷумҳурӣ тақдим мешавад.

Ҳамчунон ИМА ба воситаи тарҳрезии барномаҳои табодулу тамрин бо афроди калидии дорои нуфуз ҳамкорӣ мекунад, то онҳо дар беҳбуди дурнамои усули озодиву демократӣ чӣ дар ҳукумат ва чӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳм гиранд.

Дар давоми як соли гузашта чандин, мақоми ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, адлия, вакилони мардумӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон дар чорчӯби барномаҳои мазкур аз ИМА зиёрат кардаанд.

Барномаи пуштибонӣ аз ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки аз тарафи сафорати ИМА дар Душанбе амалӣ мешавад, ҳадаф дорад, ки салоҳияти ниҳодҳои маҳаллиро дар назорату иҷрои буҷету хароҷоти молӣ боло барад. Ҳамчунон барномаҳои ИМА дар ислоҳоти замин, истифодаи захираҳои об ва дигар бахшҳои кишоварзӣ қобили зикр будаанд.

Бо шарофати кӯшишҳои амрикоӣ сабтиноми ширкатҳо ва шурӯи кор барои соҳибкорони тоҷик осонтар шудааст. Муаллифони гузориш менависанд, ислоҳоти қонунгузории марбут имкон дод, барои оғози соҳибкорӣ дар Тоҷикистон на 1000 доллар тавре пеш буд, балки 70 доллар кофист.

Билохира таъкид шудааст, ки соли 2008-ум сафорати ИМА ба маблағи 250 ҳазор доллар барномаҳои кумак ба мардуми маъйуб ва солхӯрда, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, машварат ба муҳоҷирони корӣ, огаҳӣ аз қочоқи инсон ва беҳбуди кори рӯзноманигоронро сармоягузорӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG