Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси пешини порлумон ҳизби коммунистро тарк кард


Раиси пешини парлумони Молдова Мариан Лупу сафи ҳизби коммунистро тарк намуд. Ва аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки ба сафи мухолифини ҳукумат пайвастанӣ нест. Мариан Лупу аз соли 2005 то соли 2009 раиси парлумон буд ва яке аз номзадҳои аслии ҳизби коммунист ба мақоми раиси ҳукумат маҳсуб мешуд.
Аз ин пеш парлумон ҳайати ҳукумати муваққатии Молдоваро тасдиқ кард, ки сарварии он бар дӯши Зинаида Гречаная гузошта шудааст. Ҳукумати муваққатӣ то интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ фаъолият хоҳад кард. Санаи баргузории интихоботро, баъди пароканда кардани парлумони феълӣ, раисиҷумҳур Владимир Воронин эълон хоҳад кард. Бӯҳрони сиёсӣ дар Молдова баъди он амиқ шуд, ки депутатҳо ду бор ба интихоби раисиҷумҳури нав муваффақ нашуданд – ҳар ду бор ба номзади ҳизби коммунист Зинаида Гречаная барои пирӯзӣ як овоз камӣ мекард.
XS
SM
MD
LG