Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои варзишгари маъюби суғдӣ


Маросими супурдани медали тило ба Акмал Қодиров дар Тошканд
Маросими супурдани медали тило ба Акмал Қодиров дар Тошканд

Акмал Қодирови 27-сола, варзишгари маъюби суғдӣ, ягона чемпиони Тоҷикистон дар сабқати дастхобонӣ дар миёни варзишгарони маъюби 11 кишвари Осиё шудааст.

Сабқати дастхобонӣ барои кишварҳои Осиё моҳи ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбакистон доир ва дар даври ниҳоии он Акмал Қодиров, бо мағлуб кардани Умед Ахмедов, чемпиони ҳашкаратаи Ӯзбакистон, аз рӯи вазни 90 кг соҳиби ҷои аввал ва медали тилло шуд.

Инчунин дар сабқати дастхобонӣ барои варзишгарони маълули Осиё Тоҳир Тоҳиров ва Фарҳод Комилов варзишгарони дигари тоҷик аз рӯи вазнҳои 75 ва 50 кг бо нишонҳои тилло, 5 нафар бо медали нуқра ва 10 нафар иштирокчиён бо медали бириҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Акмал унвони қаҳрамони ҷаҳонро дорад. Вай ба ёд меорад, ки «аз ширкат миёни маъюбон, барои ман мушкилтар аз иштирок дар байни солимони Осиё буд, ки варзишгарон аз давлатҳои Қазоқистон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Индонезия, Малайзия, Чин ва Ҷопон иштирок карданд».

Акмал мегӯяд, дар ин сабқат мехост миёни солимон низ ҷои намоёнро ишғол кунад, вале ҳарчанд ки барои ҳаракати дастон пойҳо нақши муҳим мегузоранд ва маҳрумияташ аз як по монеи ҷомаи амал пӯшидани орзуи Акмал шудааст.

Ба нақли Акмал соли 2002-юм дар як садамаи нақлиётӣ пояш осеби ҷиддӣ мебинад ва дар натиҷаи ҷарроҳӣ аз аз як по маҳрум ва ба ҷои он соҳиби пои сунъӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки феълан шумори варзишгарони маълули узви федератсияи варзишгарони маъюбони вилояти Суғд ба 50 нафар баробар мешавад, аммо шароити танготанги манзил, набуди ҷойҳои вижа барои гузаронидани машқҳо, камбуди маблағ, нокифоягии ҳавасмандкунӣ, ин ҳама, ба қавли яке аз онҳо, ҳавсалаи варзишгаронро пир кардааст.

Акмал Кодиров адами шароити иқтисодии худу дигар варзишгаронро ба нокофӣ будани моҳонаашон рабт дода гуфт, мехост, ки мисли бархе давлатҳои дигар ба варзишгарони тоҷик низ таваҷҷӯҳи вижаи ҳукумат зоҳир мешуд:

Вай меафзояд, «ҳар як маъюбе, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бе камбудӣ нест. Ҳамаи мо камбудӣ дар шароити худ дорем. Хуб мебуд, агар аз ҷониби раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ ва аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд имконияте пайдо мешуд ва ба маъюбони варзишгар стипендияи президентӣ ташкил мекарданд».

Вале ба фарқ аз бархе дигар варзишгарон Акмал худро хушбахт меҳисобад. Вай соҳиби зани мушфиқу меҳрубон аст ва бародаронаш Неъмату Бахтиёр, ки барои дарёфти рӯзӣ ба Русия рафтаанд, онҳоро фаромӯш намекунанд.

Вай ғолиби чандин мусобиқаҳои байнулмиллалӣ ва, ба гуфтааш, сазовори номи баланд гардидааст. Ӯ аз он шод аст, ки ҳануз дар ҳузури ҳамшуғлонаш омодагӣ мегирад ва кӯшиш дорад, то дар мусобиқаи ҷаҳонии дастхобонӣ, ки ин сабқат дар моҳи сентябр дар кишвари Итолиё баргузор хоҳад шуд, ғолиб шуда, парчами Тоҷикистонро баланд бардорад.

Акмал мегӯяд, «ман фахр мекунам, ки дар арсаи байналмиллалӣ дар байни 45 давлати дунё парчами Точикистонро баланд бардоштам. Ва ман аз ҳозир барои иштирок дар чемпионати ҷаҳонӣ, ки дар давлати Итолиё баргузор мешавад, омодагӣ мебинам».
XS
SM
MD
LG