Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Пешовар афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни ҳамла ба меҳмонсари бузурги шаҳри Пешовари Покистон ба 16 нафар расид. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса дасти кам 60 нафар кушта шуданд. Миёни қурбониён ду корманди Созмони Милали Муттаҳид – як серб ва як шаҳрванди Филиппин низ ҳастанд. Гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба меҳмонсарои Перл Континентал ҳамла карданд. Онҳо аввал дар даромадгоҳи меҳмонсаро ба муҳофизон ҳамла кардаед ва баъдан як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро мунфаҷир кардааст. Бар асари таркиш бахше аз меҳмонсаро тахриб шуд.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Раҳбарони ҷунбиши “Толибон” қаблан таҳдид карда буданд, ки дар ҷавоб ба амалиёти низомӣ алайҳи мухолифини ҳукумат дар манотиқи шимолу ғарби Покистон дар шаҳрҳои бузурги кишвар ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG