Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирон амалиёт дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Дар шаҳри Маастрихти Ҳуланд мулоқоти ғайрирасмии вазирони дифоъи ҳашт кишваре идома дорад, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ дар ҷануби Афғонистон ширкат доранд. Намояндагони ИМА, Бритониё, Канада, Австралия, Ҳуланд, Дания, Руминия ва Эстония натоиҷи амалиёти нерӯҳои низомии худ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе дар Брюсел нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО шурӯъ мешавад. Интизор меравад, ки дар ин нишаст ИМА аз ҳампаймонҳои аврупоии худ хостори интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон шавад.
XS
SM
MD
LG