Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори пурқурбонӣ дар минтақаи ороми Ироқ


Бар асари инфиҷор дар ҷануби Ироқ дасти кам 28 нафар кушта ва тақрибан 45 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Афроди ношинос мошини ҳомили маводи таркандаро дар бозори шаҳри Батҳа, воқеъ дар канори шаҳри Ан-Носирия мунфаҷир карданд. Соли 2006-ум вилояти Дҳикар таҳти назорати комили нерӯҳои амниятии Ироқ гузашта буд. Авзоъ дар ин шаҳри асосан шианишин, маъмулан, ором аст.
XS
SM
MD
LG