Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Тағойназар Солиев фардо шурӯъ мешавад


Додгоҳи шаҳри Душанбе фардо бозрасии парвандаи Тағойназар Солиев, бародари собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон Муҳаммадназар Солиевро шурӯъ хоҳад кард. Тағойназар Солиев 17 апрели соли равон аз сӯи кормандони додситонии шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.
Тафтишот собит намуд, ки Тағойназар Солиев моҳи декабри соли 1999 дар ҳоли мастӣ аз автомати Калашников, ки ғайриқонунӣ дар манзилаш нигоҳ медошт, бародари завҷааш Далер Фозилов, корманди шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоли Сомониро ҳадафи тир қарор додааст. Тағойназар Солиев то боздошт ба терминали гумруки шаҳри Душанбе раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG