Пайвандҳои дастрасӣ

Бо шурӯъи фасли тобистон, ки маъмулан фасли мураххасиҳо номбар мешавад, мардум дар ҷустуҷӯи минтақаи истироҳатие мешаванд, ки бофароғат ва хотирмон бошад.

Маъмулан дар Тоҷикистон фасли тобистон пайдо кардани роҳхат ба осоишгоҳу минтақаҳои истироҳатӣ хеле сангин аст. Мардум ҳатто аз қабл барои мураххасии худ барномарезӣ ва минтақаву осоишгоҳро банд мекарданд.

Аммо бисёр ҷолиб аст, ки соли ҷорӣ дар ин фасл, ки ҳамзамон бӯҳрони иқтисод кулли бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифтааст, мардуми коргар талош ва имкони дарёфти истироҳатгоҳи хуберо доранд?

Минтақаи истироҳатии Варзоб, дар наздики пойтахти Тоҷикистон дар ин фасли ба истилоҳ истироҳатҳо хеле камодам ва ошхонаву тарабхонаҳо ва бошгоҳҳои канори рӯдхонаи Варзоб интизори истироҳатгарон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG