Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти навбатии буҷаи соли 2009


Порлумони Тоҷикистон ба буҷаи соли 2009-и кишвар тағйирот ворид кард, ки тибқи он, ширкати Талко аз супурдани андоз аз 11 миллион доллар, ки аз мурофиаи додгоҳӣ бо ширкати Ансол ба даст овардааст, озод карда шуд. Чунин тасмимро порлумони Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳукумати кишвар гирифтааст ва сабаби озодкунии Талко аз андоз вазъи мушкили иқтисодии ин ширкат унвон шудааст. Баҳсҳои додгоҳии ширкатҳои алюминиюми Талко ва Ансол дар додгоҳҳои Бритониё тайи чор сол идома дошт ва бо муомилаи ҷонибҳо поён ёфт. Бархе аз таҳлилгарон ин мурофиаи додгоҳиро пурҳазинатарин дар таърихи додгоҳҳои Бритониё номидаанд.
XS
SM
MD
LG