Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Русия, Владимир Путин гуфт, кишвараш ҳамаи ваъдаҳои додааш ба Қирғизистонро иҷро хоҳад кард.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки коршарикони қирғизи Русия низ дар иҷрои ин нақшаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Путин ҳамчунин гуфт, Русия аллакай ба Қирғизистон бахше аз маблағҳои ваъдагияшро расонд. Аз ҷумла 150 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар дар шакли қарзи боимтиёз. Русия ваъда кардааст, ки ба сурати умум ба Қирғизистон дар ҳаҷми 2 миллиард доллар кӯмак ва сармоягузорӣ мекунад.

Изҳороти нави Путин дар нишасти сарвазирони Созмони ҳамкориҳои Авруосиё ва дар ҳоле садо медиҳад, ки Қирғизистон пас аз дархости раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай гуфтааст, эҳтимол дорад, сарнавишти пойгоҳи нерӯҳои Амрико дар Манасро бознигарӣ кунад.

Ин пойгоҳ пас аз ваъдаи кӯмакҳои азими молии Русия ба Қирғизистон ва бо қарори ҳукумату тасвиби порлумони Қирғизистон зери хатари баста шудан афтодааст. Вале дертар мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, барои ҳифзи ин пойгоҳ бо Бишкек вориди музокирот шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG