Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 кушта ва 70 захмӣ дар ҳамла ба меҳмонсарои Пешовар


Бино ба гузришҳои расида, дар натиҷаи ҳамлаи шӯришиёни машкуки интиҳорӣ дар меҳмонсарои муҷаллал ва панҷситораи Перл Континентали шаҳри Пешовари Покистон 11 нафар кушта, ҳудуди 70 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, яке аз ононе, ки кушта шудааст, Александр Воркапич-корманди СММ дар умури паноҳандагон будааст. ЮНИСЕФ низ мегӯяд, як корманди онҳо, шаҳрванди Филиппин низ кушта шудааст. Бино ба гузоришҳо, шӯришиён дар назди меҳмонсаро ба афроди амниятии меҳмонсаро ҳамла бурдаанд ва сипас як бомбагузори интиҳорӣ бомбаи коргузошта дар мошинро мунфаҷир кардааст, ки бахше аз меҳмонсаро ба хок яксон шудааст. Тибқи гузоришҳо, тақрибан 25 нафар кормандони СММ дар ин меҳмонсаро иқомат мекардаанд.
XS
SM
MD
LG