Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти вазири дифои Амрико дар бораи Афғонистон


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико гуфтааст, стратегияи давлати Обама дар давоми як соли оянда бояд собит созад, ки пешрафт ҳосил шудааст, то ба ин тариқ аз идомаи ҳимояти мардуми Амрико дар мавриди ҷанг бархӯрдор шавад. Роберт Гейтс зимни суханони худ дар назди кумиссиюни Сенат дар Вошингтон изҳор дошт, ки баъд аз созишномаи миёни мақомоти Покистон ва шӯришиён дар манотиқи қабиланишин хушунатҳо дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Ин изҳороти Гейтс дар ҳоле садо медиҳад, ки қарор аст имрӯз вай дар шаҳри Маастрихти Ҳолланд дар мулоқоти раҳбарони низомии кишварҳои НАТО ширкат ҷӯяд.
XS
SM
MD
LG