Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз донишҷӯёни тоҷик дар Лондон тазоҳурот мекунанд


Қарор аст имрӯз дар Лондон, пойтахти Британия гурӯҳи донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар донишгоҳҳои Лондон таҳсил мекунанд, бар зидди ташдиди бегонаситезӣ дар Русия тазоҳуроти эътирозӣ барпо кунанд. Созмондиҳандагони ин раҳпаймоии эътирозӣ аз мавориди ҳамлав ва куштори ғайрирусҳо дар Русия нигаронанд ва мехоҳанд бори нахуст садои худро бар зидди чунин падидаи ғайрибашарӣ дар муқобили сафорати Русия дар Лондон баланд кунанд. Дар ин бора Зуҳуршо Раҳматуллоев-донишҷӯи тоҷики муқими Лондон ва яке аз созмондиҳандагони ин тазоҳурот ба радиои Озодӣ хабар дод. Созмондиҳандагон барои баргузории ин тазоҳурот аз мақомоти зидахли Лондон ба таври расмӣ иҷоза гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG