Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун ҳамлаи терорристиро маҳкум кард


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ҳамлаи интиҳорӣ дар Пешовари Покистонро, ки дастикам 11 кушта бар ҷой гузаштааст, маҳкум кард. Як шаҳрванди Сербистон корманди ожонси паноҳандагони СММ низ дар миёни ин кушташудагон аст. Дар эъломияи хаттии СММ омадааст, " Бан Ки Мун ба таври ҷиддӣ ин ҳамларо маҳкум мекунад". Ин ҳамла рӯзи сешанбе дар меҳмонсарои муҷаллал ва панҷситораи Перл Континентали шаҳри Пешовар рух додааст. Корманди кушташудаи СММ Александр Воркапич ном дорад ва вай дар Покистон барои кӯмак ба беҷошудагони амалиёти зидди шӯришиёни Толибон фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG